БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. «Бонки Эсхата» платформаи электронии дастрасии мустақим ба Биржаи байнибонкии асъории Москваро пешниҳод намуд

Август 13, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки Эсхата» аввалин шуда дар Тоҷикистон ба муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон платформаи электронии савдои асъори NTPрo пешниҳод кард, ки дастрасии мустақимро ба Биржаи байнибонкии асъории Москва фароҳам меорад. Дар ин бора дар ҳисоботи ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаш моҳи соли 2022, ки ба дасти АМИТ «Ховар» расид, гуфта шудааст.

Дар ҳисобот, аз ҷумла омадааст, ки «Бонки Эсхата» тағйироти васеи равандҳои амалиётӣ ва самтҳои асосии тиҷорати чакана ва хурду миёнаро анҷом дод. Бонк ҳадаф дорад, ки бонки пешрафтаи технологӣ барои мизоҷони чакана ва тиҷорати хурду миёна гардад, ки хизматрасониҳоро тавассути ду шабакаи асосӣ — идораҳои чаканаи аз нав сохташуда бо минтақаҳои худхизматрасонии шабонарӯзии 24/7 ва шабакаҳои рақамӣ пешкаш намояд.

Нахустин филиале, ки дар доираи модели нави хизматрасонӣ навсозӣ карда шуд — филиали «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар к. И.Сомонӣ, 40 мебошад. Филиал бо тамоми инфрасохтори зарурии замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои хизматрасонӣ ба мизоҷон бароҳату мувофиқ гардид. Тарҳи замонавӣ ва ороиши нав, ки дар он ҷойҳои таърихии тамошобоби Хуҷанди бостонӣ ва фарҳанги мардуми тоҷик тасвир ёфтаанд, ба намуди дохилии филиал фазои хос мебахшад.

«Барои беҳтар ва сари вақт расонидани хизматрасонӣ ба мизоҷон тавассути шабакаҳои онлайн аз тарафи бонк бахши алоҳидаи коркарди Чат, яъне паёмҳо таъсис дода шуд, ки дар назди Маркази тамоси бонк амал мекунад. Ҳоло ҳама дархостҳои мизоҷон, аз фикру мулоҳизаҳо то пешниҳоду дархостҳо бо суръати тезтар баррасӣ карда мешаванд. Ва мизоҷон метавонанд бо гузоштани IVR-баҳодиҳӣ ба сифати кори Маркази тамос ва кормандони Front Office баҳо диҳанд»,- таъкид намуданд дар бонк.

Инчунин дар ин давра «Бонки Эсхата» маҳсулот ва имконияти нав пешниҳод ва амалӣ намудааст. Аз ҷумла, барои мизоҷон дар самти хизматрасонӣ имконияти нав дастрас шуд. Масалан, барои дорандагони кортҳои VISA имконияти интиқоли маблағ бо асъори хориҷӣ аз корт ба корт дар асоси Эсхата Онлайн дастрас шудааст. Омили муҳими баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ интегратсияи QR бо ташкилоти молиявии Душанбе сити буд. Акнун бо ёрии Эсхата Онлайн мизоҷон метавонанд ҳатто дар нуқтаҳои QR -и Душанбе сити маблағ пардохт кунанд.

Дар доираи такмили хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ имконияти низоми инноватсионии хизматрасониҳои бонкии фосилавии «Эсхата Бизнес» васеъ карда шуд. Акнун мизоҷони сегменти мазкур метавонанд мустақилона корти бонкиро барои кормандонашон дар доираи лоиҳаи “Музди меҳнат” фармоиш диҳанд, инчунин огоҳиномаҳоро оид ба транзаксияҳо фаъол ё ғайрифаъол созанд, аз ҷумла SMS, почтаи электронӣ, push. Инчунин версияи мобилии мутобиқшавандаи «Эсхата Бизнес» дастрас гардид.

Давоми шаш моҳ «Бонки Эсхата» дар самти тиҷорати чакана зиёда аз се иқдом эълон намуд: ҷалби пасандозҳо бо фоизи баланд -17% солона, пешниҳоди қарзҳои хурд бо шартҳои имтиёзнок, пешниҳоди кешбэк ба дорандагони корт бо мақсади зиёд намудани гардиши ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Дар бонк дастоварди муҳим дар ин давра он буд, ки системаи идоракунии корпоративии бонк аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баҳогузорӣ карда шуд. Ба ҳайати Шӯрои нозирон коршиносони нави мустақил шомил гардиданд, ҳайати Раёсати бонк аз ҳисоби коршиносони байналмилалӣ пурра гардид.

Трансформатсияи ESG самти афзалиятноки фаъолияти бонк буда, ба сатҳи ҳадафи стратегӣ, ки аз ҷониби Шӯрои нозирони бонк тасдиқ шудааст, бардошта шудааст. Бо мақсади такмили сиёсати рушди устувор, риояи принсипҳо ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ESG (идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ) бонк вазифаи нав таъсис дод – менеҷер оид ба рушди устувор. Мушовирони IFC дар таҳияи сиёсатҳо, маҳсулот ва хизматрасониҳо бо назардошти омилҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, бо назардошти стандартҳо ва талаботи байналмилалӣ кумак мерасонанд.

«Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 26.01.2022 «Бонки Эсхата» бори дигар ҳамчун бонки низомсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд, ки ин яке аз меъёрҳоест, ки мизоҷро метавонад зимни интихоби бонк ҳангоми кушодани пасандоз, кам кардани хатари талафот ва боварӣ ҳосил кардан ба дараҷаи баланди ҳифзи пасандоз роҳнамоӣ намояд»,- зикр намуданд дар «Бонки Эсхата».

Инчунин дар ин давраи ҳисоботӣ кормандони бонк барои иштироки фаъол ва пешбурди RSBP, барномаи минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба тиҷорати хурд дар Осиёи Марказӣ бо ҷоизаҳо мукофотонида шуданд. Мақсади асосии RSBP ноу-хау дар соҳаи молиявӣ соҳибкории хурду миёна (СХМ) ва таҷрибаи пешқадам дар пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ барои СХМ дар Осиёи Марказӣ аст.

«Бонки Эсхата» барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои “Ҳафтаи умумиҷаҳонии саводнокии молиявӣ” (GMW) бо сипономаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

«Бонки Эсхата» дар доираи барномаи мусоидат ба тиҷорат аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) бори дигар бо ҷоизаи «Фаъолтарин бонк — эмитент дар Тоҷикистон» сарфароз гардид.

Бори аввал дар Тоҷикистон «Бонки Эсхата» тақвимеро пешкаш кард, ки расмҳои он бо ёрии технологияи AR зинда мешаванд.

Натиҷаҳои молиявӣ ва амалиётии Бонк ба санаи 30 июни соли 2022 мунтазам афзоиш ёфтанд.

Аз рӯи даромаднокии сармоя «Бонки Эсхата» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Сармояи бонк ба меъёри мақбули ҳатмӣ мувофиқ буда, зиёда аз 683,41 млн сомониро ташкил медиҳад. Фоидаи бонк то тарҳи андоз 144,09 млн сомониро ташкил дод ва афзоиши онро 111,55% таъмин намуд. Сандуқи амонатӣ 1,903 млрд сомониро ташкил дода, аз ҳисоби ҳамаи намудҳои пасандозҳо нисбат ба охири соли 2021, 401,8 млн сомонӣ зиёд шуд. Сандуқи қарзии бонк ба 2,071 млрд сомонӣ расида, аз рӯи ҳаҷми қарзҳои додашуда бонк дар низоми бонкӣ ҷои аввалро ишғол намуда, дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ба маблағи 1 555,6 млн. сомонӣ қарз додааст. Шумораи кортҳои пардохтӣ дар давраи ҳисоботӣ 13,6% зиёд шуда, зиёда аз 558 ҳазор ададро ташкил дод. Инчунин дар шашмоҳаи аввали соли 2022 шумораи мизоҷони бонк 13,8% афзоиш ёфт (зиёда аз 86,9 ҳазор) ва дар умум зиёда аз 715 ҳазор нафарро ташкил дод.

Бо дарназардошти сатҳи иштироки молиявӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои зерин ба саҳми «Бонки Эсхата» рост меоянд: 14,6% дороиҳо, 16,8% сандуқи қарзӣ, 15,6% уҳдадориҳо, 16,6% пасандозҳо ва 11,6% сармояи тавозунии низоми бонкӣ.

«Муваффақияти «Бонки Эсхата» ба шарофати эътимод ва интихоби мизоҷон, ҳамкории судманд бо шарикон, дастгирии давлат, кумаки саҳомон, аъзои Шӯрои нозирон ва Раёсати бонк, инчунин меҳнати софдилона ва садоқатмандии кормандон ба даст омадааст», — иброз намуданд дар бонки мазкур.

АКС: ҶСК «Бонки Эсхата»

Август 13, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.6766 то 10.7100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1038 то 0.1055 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд