Бунёди бинои нуҳошёнаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дубора шурӯъ гардид
ХОРУҒ, 14.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ояндаи наздик таҳсили худро дар бинои нави нуҳошёна идома медиҳанд. Хишти аввали ин биноро се сол пеш гузошта буданд, аммо бо сабаби хуруҷи бемории Ковид-19 он ба таъхир гузошта шуд. Ҳоло 16 нафар бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шариф ШС» бунёди ошёнаи аввали биноро ба охир расонда, ба сохтмони ошёнаи дуюм шурӯъ намуданд,-иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Муҳандиси ин сохтмон Ифтихор Ниёзмамадов гуфт, ки “барои бунёди бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миллион сомонӣ ҷудо намудааст, ки то имрӯз ба маблағи 7,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд. Бинокорон бештар аз деҳоти назди шаҳр, ки таҷрибаи кор дар сохтмонҳои кишвари Русияро доранд, ба кор ҷалб мешаванд. Барои интиқоли коргарон мошини махсус ҷудо шуда, бо хӯроки нисфирӯзӣ низ таъмин карда мешаванд”.
Дар бунёди иншоот барои таъмини техникаву механизмҳо ва масолеҳи бинокорӣ ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Масоҳати бинои нуҳошёна 76 метр дарозӣ ва 18 метр паҳноӣ дошта, дар канори он варзишгоҳи муосир ва маҷлисгоҳи калон сохта мешавад.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ягона муассисаи олии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, соли 1992 таъсис ёфтааст. Ҳоло дар ин донишгоҳ зиёда аз 4 ҳазор донишҷӯ ба таври рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






