Дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтори ноҳияи Ванҷ таҳлил мешавад

Август 21, 2022 08:43

ДУШАНБЕ, 21.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо МАРДЗОДА, ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар маҷмӯъ 113 иншооти ҷашнӣ бунёд мегарданд.

Соли равон аз шумораи иншооти мазкур 20-тои он мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин баробар ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи ин ҷашни умумимиллӣ масъалаи вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои савдою хизматрасонӣ, зебогардонии роҳу кӯчаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти неруи содиротӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ дар маркази таваҷҷуҳи масъулин қарор доранд.

Раиси ноҳия изҳори боварӣ намуд, ки ин созандагӣ ва бунёдкориҳо Ванҷи пурганҷ, сарзамини зебо ва пурасрорро ба мавзеи тиллоии Тоҷикистон мубаддал мегардонанд.

Шарҳи бештари мавзӯъро оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтори ноҳияи Ванҷ дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» зимни суҳбати хабарнигор Нарзулло АЛИЗОДА бо Раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо МАРДЗОДА имрӯз, соати 12:30 (асл) ва такроран соатҳои 19:30 ва 22:30 аз мавҷи 101,5 FM бишнавед.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 21, 2022 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид