Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баргузор гардид

Август 4, 2022 09:23

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 август дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур шарикони иҷтимоӣ- Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Доир ба иҷрои Созишномаи генералӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазир Нурулло Маҳмадуллозода, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Раиси Федератсия Маликшоҳ Неъматзода ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси Иттиҳодия Айёмбек Акрамов гузориш доданд.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва дар заминаи он суботи ҷомеаю пешрафти он аз низоми самараноки шарикии иҷтимоӣ дар давлат вобастагии калон дорад.

Вобаста ба аҳамияти муҳими ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 барои таҳкими пояҳои шарикии иҷтимоӣ ва ба ин васила танзими самараноки муносибатҳои меҳнатӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои кишвар якчанд дастуру супоришҳо дода буданд.


Соли дуюм аст, ки Созишномаи генералӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 мавриди амал қарор дорад.

Созишномаи генералӣ ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он аз 11 бахш: сиёсати иқтисодӣ, музди меҳнат, даромадҳо ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди бозори меҳнат ва шуғли пурмаҳсул, ҳифзи иҷтимоӣ, кафолатҳо ва суғуртаи иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат, рушди сайёҳӣ, таъминоти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими шарикии иҷтимоӣ, танзими фаъолияти тарафҳо ва 79 банд иборат буда, барои иҷрои ҳар банди он вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ масъул мебошанд.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ Матлубахон Сатториён доир ба ҷараёни иҷрои бахшҳои алоҳидаи созишномаи мазкур аз намояндагони вазорату идораҳо пурсиш намуд. Тарафҳои созишномаи мазкур ҳамаи масъалаҳои марбут ба татбиқи ин санадро мавриди муҳокима қарор доданд.

Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ дар ин давра аксарияти муқаррароти Созишномаи генералӣ ва бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи он иҷро гардидаанд.

Дар хотима ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки фаъолиятро ҷиҳати иҷрои саривақтии Созишномаи генералӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ҳамкорӣ тақвият бахшида, барои таҳкими шарикии иҷтимоӣ ва танзими самараноки муносибатҳои иҷтимою меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Август 4, 2022 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид