Дар Душанбе Конфронси байналмилалии навбатӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм баргузор мегардад

Август 25, 2022 12:59

ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор гардида, он идомаи мантиқии «Раванди Душанбе», ки моҳи майи соли 2019 зимни аввалин конфронси минтақавии Дафтари зиддитеррористии СММ, ки муштаракан бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст, маҳсуб меёбад»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки конфронс вазирон ва шахсони расмиро аз давлатҳои узви СММ, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот ва дигаронро ҷиҳати табодули назар оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо гирди ҳам хоҳад овард.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, ИА ва дигар шарикони байналмилалӣ ду Конфронси сатҳи баланди байналмилалиро бахшида ба мавзӯи мубориза бо терроризм ва экстремизм дар солҳои 2018 ва 2019 дар шаҳри Душанбе муваффақона баргузор намуд.

Интизор меравад, ки аз натиҷаи конфронс «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» қабул гардад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 19 август сабти номи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро ҷиҳати иштирок дар пӯшиши иттилоотии Конфронси зиддитеррористии Душанбе оғоз кард.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро зарур аст, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии конфронси мазкур ба Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорат муроҷиат намуда, маълумоти марбутаро бо тартиби муқарраргардида тариқи почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj (Тел: +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) то 15 сентябри соли 2022 манзур намоянд.

Ҳамзамон тақозо мегардад, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар торнамои расмии конфронс (https://www.dushanbectprocess.org/) то 30 сентябри соли 2022 аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 25, 2022 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд