Дар Узбекистон барои ташкили шабакаи иҷтимоии миллӣ озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди инноватсионии Узбекистон барои ташкили шабакаи иҷтимоии миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ озмун эълон намуд. Иштирокчиёни озмун барои таҳияи лоиҳа як сол дар ихтиёр доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU.
Дархостҳо барои ширкат дар озмун то 1 октябр қабул карда мешаванд, иттилоъ додааст маркази матбуоти вазорат.
Дар Узбекистон аллакай талошҳо барои эҷоди шабакаи иҷтимоӣ ё мессенҷери худӣ анҷом дода шудаанд. Дар бораи мавҷудияти 38 шабакаи иҷтимоии миллӣ гузориш расида буд, вале онҳо оммавӣ нашуданд. Дар ҳамин ҳол дар кишвар Facebook (манбаи иттилоотии созмоне, ки дар Русия барои ифротгароӣ мамнӯъ аст), «ВКонтакте», «Одноклассники» ва мессенҷери Telegram маъруфанд.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






