Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 401 адад муассисаҳои табобатию профилактикӣ фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи тандурустӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки соҳаи тандурустӣ дар солҳои истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқа намуд. Аз ҷумла, раванди инкишоф ва ислоҳоти соҳа дар ВМКБ низ марҳила ба марҳила амалӣ гардида, инфрсохтори замонавӣ, аз қабили беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, клиникаҳои хусусӣ бунёду навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз гардиданд.
Агар соли 2005 барои соҳаи тандурустии вилоят аз буҷаи давлат 5 млн сомонӣ маблағ ҷудо гардида бошад, пас соли 2022 барои соҳа дар вилоят аз буҷети давлат 93 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Агар соли 2006 ба аҳолии вилоят дар маҷмӯъ, 246 муассисаи табобатию профилактикӣ хизмати тиббӣ расонида бошанд, пас имрӯз шумораи ин муассисаҳо ба 401 адад баробар гардидааст.
Марказҳои саломатии деҳот аз 24 ба 50, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳот аз 149 ба 171 адад расонида шуданд. Дар ин марҳила 9 муассисаи тиббии дорои фаъолияти хусусӣ дар вилоят ба хизматрасонӣ шурӯъ намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш кормандони соҳаи тандурустии вилоят бо Ифтихорномаи Раиси вилоят, нишонҳои сарисинагии «Аълочии тандурустии Тоҷикистон», «Аълочии иттифоқҳои касабаи ҳифзи иҷтимоӣ» ва собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Акс: ВМКБ










Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






