Намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон аз заминҳои наздиҳавлигию кишоварзӣ ва бозору муассисаҳои таълимӣ дар Шаҳринав боздид намуд
ШАҲРИНАВ, 06.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самаранокии заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи дусолаи маводи озуқа, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш ва мавсими тирамоҳу зимистон ва таъмиру тармими онҳо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода ҳамроҳ бо Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода аз якчанд иншооти ҷашнии бунёдшуда, муассисаҳои таълимии ноҳия дидан карда, ҳамзамон ба манзилҳои истиқоматии сокинон рафта, бо онҳо оид ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар мавриди захираи маводи хӯрокворӣ барои ду сол ва истифодаи оқилонаю самараноки замини наздиҳавлигияшон ва гирифтани ду — се ҳосил суҳбат намуданд.
Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.
Дар аснои боздид ба сокинон таъкид карда шуд, ки истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини беҳдошти аҳли оила манфиатовар мебошад. Дар ин росто намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳия бо вазъи кишоварзӣ, кишти такрорӣ ва нашъунамои майдони пахтазори ноҳия шинос шуда, таъкид карданд, ки истифодаи дурусти агротехникии пахта ба баландшавии ҳосилнокии он мусоидат менамояд.
Ҳамчунин роҳбарон аз бозори «Панҷшанбе»-и ноҳия дидан карда, ба нархи маҳсулот, аз қабили пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба сокинон таъкид намуданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро бобати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ сармашқи кор қарор дода, ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигию ёрирасонро самаранок истифода намоянд ва барои ду сол маҳсулот захира намоянд.
Ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳҳои корӣ сафарбар гардида, бо роҳбарии муовинони раиси ноҳия, бахши кор бо занон ва оила, ҷавонон, тандурустӣ, Шӯрои калонсолон, омӯзгорон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумитаҳои маҳалла ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо мардум корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ бурда истодаанд.
Гурӯҳҳои корӣ дар масъалаҳои ҷамъоварии андоз, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, истифодаи сарфаи неруи барқ, оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва гирифтани се — чор ҳосил, зиёд кардани майдони кишти зироати таъйиноти ғизоӣ, махсусан дар кишти такрорӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосилу захира кардани маводи озуқаворӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Ҳамзамон масъулин корҳои назоратиро дар самти иҷтимоӣ – маорифу тандурустӣ пурзӯр намуда, доир ба омода будани муассисаҳои тандурустӣ ва мактабҳои таълимӣ ба мавсими зимистонгузаронтю соли нави хониш, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум суҳбату мулоқот доир намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро низ хона ба хона бо ҳар оила доир намуда истодаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






