Омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои ВМКБ ба шаҳри Кӯлоб сафари омӯзишию сайёҳӣ намуданд
КӮЛОБ, 14.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари омӯзишию сайёҳии ҳайати омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои давлатии таълимии “Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон”, филиали “Литсеи касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Рӯшон” ва филиалҳои маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ВМКБ-ро ба литсейҳо ва коргоҳҳои ҳунармандӣ ва мавзеъҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намуд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Ҳайати мазкур ба шаҳри Кӯлоб омада, нахуст аз Литсеи касбӣ-техникии сохтмонии шаҳр дидан намуд. Ҳайати омӯзгорону устоҳои литсей ба меҳмонон маҳсули ҳунару эҷоди шогирдонро намоиш доданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин литсей 480 нафар аз рӯи 9 ихтисос ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд. Баҳри омода намудани мутахассисони соҳибкасб тамоми шароити таълимӣ муҳайё карда шудааст. Синфхонаҳои фаннӣ ва устохонаҳо бо компютеру дастгоҳҳо ва таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин мебошанд. Дар литсей толори варзишӣ, толори маҷлисӣ, хобгоҳ барои касбомӯзӣ, устохона, китобхона ва китобхонаи электронӣ бо теъдоди беш аз 10 ҳазор нусха адабиёти гуногун мавҷуд аст.
Мақсад аз ташрифи меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳо шинос гардидан бо фаъолияти корхонаҳо ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳо мебошад.
Меҳмонон аз парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб низ дидан карданд. Мавриди зикр аст, ки парки мазкур соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, дар он сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъминанд. Аксари онҳо хатмкардагони литсейҳои шаҳр мебошанд. Меҳмонон бо фаъолияти корхонаи мазкур, дастгоҳу таҷҳизот ва тарзи истеҳсоли маҳсулот шинос шуданд.
Дар идомаи сафар аъзои ҳайати мазкур ба Литсеи касбӣ-техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб омаданд. Дар литсеи мазкур ҳудуди 300 нафар ҷавонон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, аз рӯи 6 ихтисос касб меомӯзанд.
Омӯзгорону устоҳои литсей ба меҳмонон намунаи асбоб, техникаи саноатию кишоварзӣ, трактору ядак, автомобилҳо, мошинҳои таълимӣ, қисмҳои техника ва муҳаррикҳо, маҳсулоти истеҳсолнамуди касбомӯзон, ҳунару маҳорати гурӯҳҳои дӯзандагию кадбонугӣ, чакану адрас ва дӯхти либосҳои миллиро нишон доданд.
Сафари ҳайати мазкур тӯли ду ҳафта дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»










«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






