«ҶОМИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд миёни наврасони пойтахт оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 17.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз миёни наврасони пойтахт барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд оғоз гардид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Мусобиқаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба дуруст ва самаранок истифода бурдани майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, инчунин ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ роҳандозӣ гардид.
Маросими ифтитоҳи мусобиқа дар майдончаи варзишии кӯчаи Маяковский, 25 сурат гирифт, ки дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар Абдулло Раҳмонзода, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, масъулони варзиши шаҳри Душанбе, директорони мактабҳои махсуси варзишии шаҳрӣ, роҳбарону шахсони масъули муассисаҳои нигоҳдошти боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдаконаи ноҳияҳои пойтахт ва мураббиён иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки мусобиқаи мазкур бо иштироки чунин шумораи зиёди дастаҳои наврасон бори аввал аст, ки дар доираи таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир гардид
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Эҳдо ба 35-солагии соҳибистиқлолии мамлакат
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд






