«Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ гардид

Август 12, 2022 08:18

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба яке аз навъҳои санъати тасвирӣ – миниатюра таҳти унвони «Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик» намоиш ифтитоҳ гардид, ки то 25 август идома меёбад.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ифтитоҳи намоиш муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён,  Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ – Аҳлиддин Ибодуллозода, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва ВАО иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки  ҳадаф аз ташкил ва ифтитоҳи намоиш- шинос намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ин навъи санъати тасвирии миллати тоҷик ва дар ин замина ба шуғли миниатюраи бадеӣ ҷалб намудани ҷавонон мебошад.

Дар намоиш зиёда аз 80 адад асарҳои Камолзода О., Ҳоҷиева С. Камолова Б., Ҷалолова П., Раҳимов Ш., Ятимов Д., Акобирова С., Палтангова Н., Садуллоева М., Фарзонаи Ю. ва Садуллоева А. ба маърази дид гузошта шудаанд.

Бузургтарин мусаввир, наққош ва миниатюрнигори тоҷик Камолиддин Беҳзод мебошад, ки дар Шарқ бо номи ифтихории «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» шуҳрат дорад. Муосиронаш ӯро «қоиди мусаввирон», «ягонаи замона» ва «нодири даврон» ном бурдаанд.

Мерос ва шахсияти Беҳзод мавзӯи таҳқиқи санъатшиносони Шарқу Ғарб гардида, соли 2001 бо қарори ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 550-солагии зодрӯзаш таҷлил шуд.

Услуби мактаби рассомии Беҳзод дар якчанд кишварҳои ҷаҳон давом ёфта, имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мутахассисони ин навъи ҳунар -миниатюраи тоҷик ба донишҷӯён таълим медиҳанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Август 12, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд