Палатаи савдо ва саноат: Иштироки соҳибкорони Тоҷикистон дар 18 намоишгоҳи дохилӣ ва хориҷӣ таъмин карда шуд

Август 6, 2022 12:38

ДУШАНБЕ, 06.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ба ташкил ва баргузории 18 намоишгоҳи дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат намуда, иштироки аъзои худ ва соҳибкорони ватаниро дар кори онҳо таъмин намуд. Дар ин бора дирӯз, 5 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи мазкур Ҷамшед Ҷумъахонзода иттилоъ дод.

Ба зикри Ҷамшед Ҷумъахонзода, Палатаи савдо ва саноат иштироки аъзои худ ва соҳибкорони ватаниро дар Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо 2020” дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб (аз 1 октябри соли 2021 то 31 марти соли 2022), дар Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии саноати пластикии «Iran Plast» дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар Намоишгоҳи 29-уми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо –“ ПродЭкспо – 2022” дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул-2022 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия, дар Намоишгоҳи 18–уми байналмилалии соҳаи кишоварзӣ “Konya Agriculture-2022” дар шаҳри Қунияи Туркия, дар Намоишгоҳи 21-уми байналмилалии «UzFood-2022» дар Ҷумҳурии Узбекистон, дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии “Иннопром Центральная Азия”, дар Намоишгоҳи 4-уми байналмилалии саноати бофандагӣ ва мӯди Узбекистон – “UzTextile Expo Весна 2022» дар шаҳри Тошканд ва дар Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2022” (17-18 июни соли 2022) ва ғайра таъмин намудааст.

Палатаи марказӣ ва палатаҳои минтақавӣ бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва танзими ҳуқуқии ҳамкории байнипалатавӣ бо палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ фаъолият мекунад, ки мақсад аз ташкили он ба соҳибкорон фаҳмонидани асосҳои ҳуқуқии фаъолият, баланд бардоштани иқтидори Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқии босифат мебошад.

Ба иттилои Раиси Палата, дар давлатҳои хориҷии дуру наздик намояндаҳои Палата ба 11 нафар расонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 нафар зиёд мебошанд. Ин намояндаҳо ба рушди робитаҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ин давлатҳо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Тавре Ҷамшед Ҷумъахонзода зикр намуд, ба узвияти Палата корхонаю ташкилоти нав ҷалб карда шуда, шумораи умумии аъзои он дар ин давра ба 887 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 адад зиёд мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2022 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад