Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 11, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Маданияти деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом бинои нави муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар партави сиëсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд шуда, масоҳати беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Бинои асосии муассиса аз ду ошëна иборат аст ва дорои 13 синфхонаи умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин ҳуҷраҳои корию ëрирасон мебошад. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии соҳибкорон ва ҳашари дастҷамъии сокинони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи маориф анҷом ëфтааст.

Бинои нав барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат бо таҷҳизоту аёнияти замонавӣ таъмин буда, барои хонандагон шароити мусоиди аз худ кардани дониш мавҷуд мебошад. Муассисаи таълимие, ки то ин вақт дар он хонандагони деҳаи Маданият ба таълим фаро гирифта мешуданд, солҳои зиëд истифода гардида, ба талабот номувофиқ аст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боргоҳи муҳташами таълимӣ барои хонандагон шароити замонавии аз бар намудани дониш таъмин гардид.

Барои машғул шудани хонандагон ба варзиш ва обу тоби бадан дар ҳудуди муассиса толори замонавии варзиш ва майдончаи кушоди варзиш бунëд карда шудааст. Атрофи иншоот бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зеб дода шуда, роҳравҳо пурра сафолакпӯш мебошанд. Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои ягонаи мактабӣ ва варзишии дар коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Конибодом истеҳсолшуда муаррифӣ карда шуданд.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15 дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом 11.08.2022

Август 11, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд