Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд

Август 1, 2022 16:15

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ узви Шӯрои давлатӣ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот дар ҳошияи 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ чун самти афзалиятдори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, ҷаҳду талоши роҳбарони давлатҳо дар рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар бесобиқа арзёбӣ гардид.

Дар ин раванд ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуд.


Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф ва ҷалби сармояву технологияҳои пешрафтаи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Ҳамчунин зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди инфрасохтор ва ободонии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми мулоқот атрофи вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ва ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши амният мубодилаи афкор сурат гирифт.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 1, 2022 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд