Самандар Искандарзода директори телевизиони «Тоҷикистон» таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самандар Искандарзода ба вазифаи директори шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» таъйин гардид.
Самандар Искандарзода дар ин вазифа Раҳматулло Хайруллозодаро иваз кард, ки соли 2020 директори шабакаи аввали телевизиони кишвар таъйин шуда буд.
Самандар Искандарзода аз соли 2009 дар шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» кор намудааст. Дар Идораи барномаҳои иттилоотӣ муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон ва муовини сармуҳаррир буд.
Самандар Искандарзода то таъйин шуданаш ба вазифаи директори шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» тайи ду соли охир дар вазифаи мушовири калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Самандар Искандарзода бо АМИТ «Ховар» ҳамеша дар ҳамкории зич қарор дорад. Ҳайати эҷодии Агентӣ ҳамкасби худро бо таъйиноти нав самимона табрик намуда, ба ӯ дар ин ҷода муваффақият орзу мекунад.
АКС аз бойгонии шахсии С. Искандарзода








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






