Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи коркарди меваи хушки ҶСК «Конибодом» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” оғози расмӣ бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта шуда, аз утоқи озмоишгоҳ, буғхона, утоқи муҳандис, анборхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” солҳои зиёд аз кор монда буд. Он соли 2020 баъд аз таваққуфи 12-сола аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дубора фаъол гардонида шуд. Акнун ин ҷамъият фаъолияташро васеъ гардонида, ба коркарди меваи хушк низ машғул мешавад.
Коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қанд сохтмон” бунёд гардида, дар ҷараёни сохтмон сокинони маҳаллӣ ҷалб шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ коркарди 4 тонна меваи хушк дар як шабонарӯз мебошад.
Маҳсулоти хом асосан аз ноҳияи Ашт, шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба коргоҳ ворид карда мешавад.
Дар Коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” 25 нафар, асосан занони хонанишин ва ҷавондухтарони соҳибмаълумот бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамин гуна шумораи кормандони ин ҷамъият ба 40 нафар баробар шуд.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ҳам дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва ҳам ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев нақша дорад, ки дар оянда дар шафати коргоҳи коркарди меваи хушк як сардхонаи дигар бо ғунҷоиши зиёда аз 300 тонна маҳсулот бунёд намуда, теъдоди коргаронро афзоиш диҳад.
Баъд аз ифтитоҳи коргоҳи коркарди меваи хушк ва шиносоӣ бо фаъолияти он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни афшураи помидор, зардолу, олу, помидор, хамираи помидор ва ғайра, ки дар коргоҳҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” истеҳсол мешаванд, ба маърази дид гузошта шуданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бӯстон озмуни шаҳрӣ ҷамъбаст гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик 43 иншоот ба истифода дода шуд
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ҳисор иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони иншооти ҷашнӣ марҳила ба марҳила идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор қариб се километр роҳ мумфарш карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд






