«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 57 нафар довталабон аз Суғд дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз вилояти Суғд 57 нафар довталабон роҳхат ёфтанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар вилояти Суғд аз 1 то 6 август баргузор гардид. Дар ин давр 185 нафар довталабон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Дар даври дуюми озмуни мазкур намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ -Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Миралӣ Достизода, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Умар Зиёев, шоири маъруф Озарахш, устодони Консерваторияи миллӣ Абдураҳмон Матхолов, Хуршед Иброҳимов ва Бахтиёр Убайдзода доварӣ намуданд.
Дар даври дуюми озмун дар вилояти Суғд иштирокчиён бо маҳорати баланди эҷодӣ баромад намуданд.
Аз рӯи нишондиҳандаҳои даври вилоятии озмун намояндагони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Спитамен миёни шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона ширкат варзиданд.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






