«ТОЗАГИИ РОҲ». Ду қисмати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода аз партовҳо пок карда шуд

Август 31, 2022 11:28

ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 250 нафар кормандони касбу кори гуногун, сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сомон ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор дар доираи иқдоми экологии «Тозагии роҳ» ду қисмати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода ва роҳи асосии марказии шаҳрро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуданд. Дар натиҷа беш аз 3,6 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва ба воситаи техникаҳои махсус ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин тадбир тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ин шаҳр андешида шудааст.

Дар доираи иқдоми экологии «Тозагии роҳ» ҳамчунин бехи гулҳою буттаҳо нарм ва танаи дарахтон сафед карда шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Август 31, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд