«ЗАНҶИРАИ ГАРМИ ДАСТГИРИИ ШИРИ МОДАР». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон Даҳаи тағзияи кӯдакон бо шири модар доир мегардад

Август 3, 2022 11:28

ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 10 август Даҳаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии кӯдакон таҳти шиори «Занҷираи гарми дастгирии шири модар» гузаронида мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Даҳаи мазкур дар Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб гузаронида мешавад. Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1994 дар самти дастгирии тағзияи атфоли навзод бо шири модар ба андешидани тадбирҳо оғоз карда буд. Аз соли 1998 сар карда, дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 асоси муваффақонаи тағзияи атфол бо шири модар ҷорӣ шудааст.

Бино ба гузориши Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Даҳаи умумиҷаҳонии тағзияи кӯдакон бо шири модар дар зиёда аз 170 кишвар гузаронида, дар ин рӯзҳо силсилаи тадбирҳои гуногун доир карда мешаванд. Дар Тоҷикистон вобаста ба ин сана ҳамоиш доир ба ҳифз, тарғиб ва дастгирии синамаконӣ роҳандозӣ мегардад.

Тавре аз Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд, шири модар барои кӯдак хеле муҳим аст. Дар Тоҷикистон танҳо 36 фоизи кӯдакон ба синамаконӣ фаро гирифта шудаанд.

Вобаста ба камэътибор гардидани шири модар Марказ чунин омилҳоро пеш меорад: зиёд шудани таблиғоти шири сунъӣ, ки таркибашон шири модарро иваз мекунанд, аксари занон барои синамаконӣ вақти кофӣ надоранд, зеро онҳо ё дар муассисаҳо фаъолият мекунанд ва ё ба корҳои рӯзгор машғул мешаванд, инчунин аксари бонувон дар бораи фоидаи шири модар маълумоти кофӣ надоранд.


Ба гуфти табибон, шири модар маҷмӯи беназири кислотаҳои равғанӣ, қанд, минералҳо, сафедаҳо, витаминҳо ва ферментҳо мебошад, ки ба афзоиши оптималии майна ва бадани кӯдак мусоидат мекунад. Ҳар инсон дар тӯли ҳаёти худ танҳо як маротиба имкон дорад, ки шири модарро истеъмол намояд, ин ҳам дар давраи то 2-солагӣ. Бартарияти шири модар дар он зоҳир мегардад, ки он барои истеъмол ҳамеша тайёр аст, ҳаргиз вайрон ё турш намешавад, ройгон ва дастрас аст ва танҳо барои кӯдак пешбинӣ шудааст. Инчунин ғизои асосии кӯдаки навзод- ин шири модар аст ва кӯдак танҳо тавассути ғизои дурусту солим неру мегирад, ташаккул меёбад ва ҳамчун шахсият ба камол мерасад.

Ба кӯдакон хӯрондани шири модар барои солимии худи модарон низ муфид аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ғизодиҳии табии кӯдакон модаронро аз хавфи гирифторӣ ба саратони пистон муҳофизат менамояд. Исбот шудааст, ки агар модарон ба таври зарурӣ ба кӯдакон шири худро бидиҳанд, 20 ҳазор марги бо сабаби бемории саратони пистон рухдиҳанда пешгирӣ карда мешаванд. Ҳамчунин он сатҳи камбизоатиро коҳиш медиҳад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 3, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид