АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар нимаи дуюми моҳи октябр дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад

Сентябрь 27, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои хушк ва дар нимаи дуюми он ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат ва боридани боронҳои бошиддат дар назар аст. Ҳавои ин моҳ ба моҳи октябри  соли 2016 шабоҳат дорад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳи октябр ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, ба амал омадани бориш аз эҳтимол дур нест.

Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳарорати аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 15+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 13+14 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 19 ва рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад. Нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорат дар назар буда, ҳаво шабона то 15 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд дар моҳи октябр ҳарорати меъёри иқлимӣ паст ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ баланд мешавад. Дар ноҳияҳои водигӣ то 13 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 11 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар водиҳо нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 17 ва  рӯзона то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 10 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Ба амал омадани бориши дорои шиддатнокии гуногун дар нимаи дуюми моҳ дар назар дошта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо шиддати вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.

Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат моҳи октябр аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, ҳаво то 18 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона 11 ва  рӯзона то 20 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона то 3 дараҷа ва рӯзона то 17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳото 11 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ ба амал омадани бориши дорои шиддатнокии гуногун дар назар дошта шудааст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд