Ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дидан намуд

Сентябрь 6, 2022 15:05

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 сентябр ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, баъд аз мулоқот бо роҳбарияти вилоят ва ноҳия аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва дигар корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.

Ҳамзамон дар МОИ «Данғара» бо иштироки доираи васеи ширкатҳои тоҷикию туркӣ, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Форуми минтақавии дуҷонибаи «Вохӯрии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия» бо назардошти нишастҳои тиҷоратии кории «В2В» баргузор гардид.


Дар доираи форум миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Палатаи савдои Қуния, инчунин МОИ «Данғара» ва Парки технологии «Билишим Вадиси» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.


Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, аз 4 то 8 сентябр бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дигар вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Туркия ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафарбар гардид.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия

Сентябрь 6, 2022 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид