Ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ баррасӣ карда шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷаласа муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ, роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Мирзо Ҷаҳонӣ ва аъзои Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, арзёбии сатҳи он дар соли 2021, такмили усули муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти фаъолияти Шӯро баррасӣ гардиданд.
Қарор карда шуд, ки фаъолияти Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ бо назардошти ҳадафу афзалияти миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор тақвият дода шавад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






