ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Марзбонони қирғиз борҳо санадҳои оташбасро дағалона вайрон намуда, гуноҳро ба сари неруҳои марзбони Тоҷикистон мезананд
ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз хуни ноҳақ рехт. Аҳдшиканӣ, зери по намудани савганди низомӣ, ҳамсоянописандӣ, ифтихори хушку холӣ ва кӯрнамакӣ барин хислатҳои манфури инсонӣ барои марзбонони қирғиз ва роҳбарияти он одати ҳамешагӣ шудааст. Таҷриба нишон дод, ки марзбонони ин мамлакати ҳамсоя борҳо санадҳои оташбасро дағалона вайрон намудаву гуноҳро ба сари неруҳои марзбони Тоҷикистон мезананд. Ин навбат ҳам чунин шуд»,-гуфт профессор Саидмуроди Хоҷазод дар робита ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон.
Саидмуроди Хоҷазод иброз дошт, ки сарҳадбонони қирғиз ба марзи Тоҷикистон аҳдшиканона ҳамла карда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпаронӣ намуданд. Барои ин ҷурми ғайриинсонӣ, зишт ва хасмонаи худро пинҳон намудан мақомоти ин кишвар аз тамоми имконот истифода карданд. Дастгоҳи ташвиқотии онҳо дар ин ҳодисаҳо пайваста тарафи Тоҷикистонро гунаҳкор мекунад.
Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Ташиев тавассути расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла радиои «Озодӣ» ҷониби Тоҷикистонро ба истифодаи неруҳои таъйиноти махсус дар амалиёти марзӣ гунаҳкор менамояд, ки ин ҳам аз иғвои навбатии роҳбарияти кишвари ҳамсоя ва дурӯғпарокании онҳо тавассути ВАО-и электронӣ далолат мекунад. Аҷиб он аст, ки онҳо ҳуҷуми ҳавопаймоҳои бесарнишини худро ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон намебинанд, вале аз истифодаи техникаи низомии Тоҷикистон дар ин муноқишаҳо сухан мегӯянд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки ҳар амали зиштеро дер ё зуд посухест.
«Дар ин вазъияти мураккаб беҳтар он аст, ки ҳоло ба осиёби душманон ва нотавонбинон об нарезем, аз ақли солим кор бигирем, дар ҳалли масъалаҳои баҳснок ба назари ҳамдигар эҳтиром гузорем, дӯстӣ, ҳамсоягии некро сармашқи кор қарор дода, анъанаҳои неки дӯстонаи ҳамсоядориро барқарор намоем», — афзуд Саидмуроди Хоҷазод.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»,
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






