БА ИСТИҚБОЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ доир шуд
РАШТ, 05.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар мавзӯи «Рушди илмҳои башардӯстӣ дар 31 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур.
Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маҳмадёр Раҷабзода кори конфренсияро оғоз намуда, дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ- асоси муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ» сухан гуфт. Ӯ зикр намуд, ки «истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад».
Зикр шуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар шароити такомули муносибатҳои нави байналмилалӣ пайваста эътиборашро афзуд ва тавассути сиёсати хориҷии бисёрқутба ва пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мақоми шоиста ба даст овард.
Имрӯзҳо коршиносон ва муҳаққиқони ватанӣ дар бораи пешравию дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли ин давра дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳлилҳои амиқ ва ҳамаҷониба гузаронида истодаанд.
Зимни конференсия дар маърузаҳои устодон Исроилов И.Н, Шарипова М. Қ., С. Муқимов, Садиров Ш. А., Давлатов Н. М., Фақиров Ф. Л. ва дигарон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини фазои орому осудаи кишвар ифода гардид.
Дар идомаи конференсия олимону муҳаққиқони соҳаи таърих, ҳуқуқ ва дигар бахшҳо бо маърӯзаҳои илмӣ ва пурмуҳтаво баромад намуданд.
АКС: Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт










Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






