БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳринав мумфаршкунии роҳҳо оғоз гардид

Сентябрь 18, 2022 09:41

ШАҲРИНАВ, 18.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Раиси ноҳия Абдуқодир  Вализода ва соҳибкорону сокинон мумфаршкунии роҳи деҳаи Даҳбед оғоз гардид. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.

Роҳи мазкур дар  масофаи 1,5 км бо як миллион сомонӣ маблағи соҳибкори маҳаллӣ Аюбҷон Қузиев мумфарш карда мешавад.

Раиси ноҳия зимни шиносоӣ ва оғози  корҳои мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ  иброз намуд, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, то имрӯз дар ноҳия садҳо иншоот ба истифода дода шудаанд. Баҳри ривоҷи корҳо дар ин самт сохтмони иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар ин раванд мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо дастгирии соҳибкорони бонанги диёр ва сокинони маҳал  низ вусъат ёфта истодааст.

Абдуқодир Вализода зимни суҳбат бо соҳибкор ва сокинон барои амалӣ намудани хайри ҷория миннатдорӣ намуда, аз сокинон даъват намуд, ки дар ободонии маҳал саҳм гузошта, кӯчаву маҳалли худро тозаву озода нигоҳ доранд.

Инчунин бо ташаббуси Кумитаи иҷроии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони саховатпешаю аъзою ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия  барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти ватани маҳбубамон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 4 км роҳҳои байнидеҳавии деҳаҳои Даҳбед ва Сангмелаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ ҳамвор гардида, дар айни замон корҳои мумфаршкунӣ идома доранд.

Илова бар ин аз ҷониби соҳибкори  ватандӯст Аюбҷон Қӯзиев Маркази саломатии замонавии дуошёнаи «Даҳбед» дар деҳаи Даҳбед бо масоҳати умумии  600 метри мураббаъ бо маблағи зиёда аз якуним миллион сомонӣ сохта шудааст,  ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Сентябрь 18, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд