Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Гурҷистон баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Александр Хвтисиашвили машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Гурҷистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо, инчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд. Ҳамзамон перомуни масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкори муфассал сурат гирифт.
Тавофуқ ҳосил гардид, ки бо талошҳои муштараки мақомоти корҳои хориҷӣ ба равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Гурҷистон такони нав бахшида хоҳад шуд.
Акс: ВКХ ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд






