Дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузорӣ миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагии Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 22 сентябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба вазорат.
Созишнома аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расонида шуд.
Арзиши умумии лоиҳа дар доираи Созишномаи маблағгузории иловагӣ 59,3 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки он ба 80 млн доллари амрикоӣ баробар буда, бо қисмҳои алоҳида баъд аз иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ ва мутаносибан ноил гардидан ба натиҷаҳои муайян, махсусан дар самти солимгардонии вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик», қобилияти пардохтпазирии он, такмили идоракунӣ ва шаффофият дар ШСХК «Барқи Тоҷик» равона мегардад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд






