Дар маҳаллаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд хати нави оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби КВД «Садаф» дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 иқдоми неку ибратбахш ҷиҳати таъмини доимии оби нӯшокӣ амалӣ гардид. Бо татбиқи лоиҳаи КВД «Садаф» дар ҳаҷми 2 миллион сомонӣ ва алҳол азхудкунии беш аз 1, 2 миллион сомонӣ имкон пайдо гардид, ки 220 метр қубурҳои обгузари маҳаллаи мазкур нав карда шаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамзамон самаранокии фаъолияти пойгоҳи обкашӣ таъмин гардид, ки минбаъд зиёда аз 1060 хоҷагии ин маҳалла ва беш аз 60 адад корхонаҳои саноатӣ 24 соат оби нӯшокӣ дастрас мешавад.
Зикр шуд, ки мақсади асосии лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, аз барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии маҳаллаи Чашмаи Арзана ба оби нӯшокӣ, инчунин, баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи КВД «Садаф» иборат мебошад.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ иншооти хатти нави оби нўшокии КВД «Садаф» дар маҳаллаи Чашмаи Арзана мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки интиқоли оби тозаи нӯшокиро аз пойгоҳҳои №1 ва 2 ба пойгоҳи №3 таъмин намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ изҳор дошт, ки бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 20 соли охир зимни татбиқи ташаббусҳо ҷаҳонӣ, ба монанди Соли байналмилалии оби тоза – 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013 саъю талошҳои муштараки ҳамаҷониба тақвият бахшида шуданд. Ташаббусҳои ҷаҳонии зикршуда ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд. Тибқи арзёбии коршиносон, дар соли 2050 шумораи аҳолии курраи замин эҳтимоли расидан то 9 миллиард нафарро дорад, ки албатта, боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид.
Таъкид шуд, ки таъмин намудани кулли сокинони деҳоти дурафтода бо оби ошомиданӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлат ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала гомҳои устувор мегузорад. Масъалаи об, бинобар аҳаммияти ҳаётӣ ва хосса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад. Бояд имрӯз тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ба таври шабонарўзӣ бо оби тозаи нўшокӣ таъмин бошанд ва барои ин имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
АКС: Дафтари матбуотиРаиси шаҳри Хуҷанд








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






