Дар Ню-Йорк мулоқоти муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо муовини Дабири кулли СММ баргузор шуд

Сентябрь 24, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 24.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар Ню-Йорк мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷеенбек Кулубоев ва муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва бунёди сулҳ Розмари Дикарло баргузор гардид.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Иштирокчиёни мулоқот доир ба вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкор намуда, омодагии худро барои идомаи музокирот оид ба ҳалли мусолиматомези минбаъда изҳор карданд»,- тазаккур доданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Илова бар ин, ҷонибҳо аҳамияти иҷрои созишҳоро дар чаҳорчӯби Протоколи баимзорасида оид ба ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 19 сентябри соли 2022 зикр карданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 24, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид