Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ дар шашмоҳаи якуми соли 2022 68 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ дар шашмоҳаи якуми соли 2022 68 фоизро ташкил намуд. Дар ин бора дирӯз, 28 сентябр Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи 21-уми вазирони иқтисод ва тиҷорати давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иттилоъ дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷаласа вазирони иқтисод ва тиҷорати кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Федератсияи Россия ва Узбекистон иштирок карданд.
З. Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои СҲШ муносибатҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамкориро дар доираи ин созмон афзалияти аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
Ёдовар мешавем, ки 16-17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва 20-солагии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки барои тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои ин созмон нақши муҳим гузошт.
Беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд. Бузургтарин шарикони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла Россия, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд.
Бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар ҷаласаи мазкур якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар самти иқтисоди рақамиву сабз, тиҷорати электронӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, бахусус содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои СҲШ, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёту инфрасохтор, логистика, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок ироа гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






