Хонандагони мактабҳои шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи болида ба илму донишандӯзӣ шурӯъ намуданд

Сентябрь 1, 2022 14:47

ТУРСУНЗОДА, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода занги аввал садо дод. Чун анъана, имрӯз дар тамоми мактабҳо ҷамъомади идона баргузор шуда, хонандагон бо рӯҳияи болида дар муассисаҳои таълимӣ ба илму донишандӯзӣ шурӯъ намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба Литсей – интернати шаҳр рафта, шогирдону устодони ин муассисаро бо Рӯзи донишу Дарси сулҳ табрик намуд ва иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуда буданд, ки «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ — мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».

Раиси шаҳри Турсунзода аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таълиму тарбияи хонандагон аз ин ҳам бештар таваҷҷуҳ намоянд.

Илму дониш чароғи равшанест, ки ба зиндагии инсоният нуру сафои зиёд мебахшад. Касе, ки аз илм баҳраманд бошад, қалби нуронию рӯҳи қавӣ дорад ва ба атрофиён ҳамеша бо неруи дониш таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ хонандагони моро зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда аз пайи омӯзиши илму дониш шуда, ҳамчун мутахассисони соҳибкасб баҳри рушду тараққии ҷомеа нақши созгор гузоранд.

Литсей-интернати шаҳри Турсунзода 26 августи соли 2021 зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Литсей — интернат аз 2 ошёна иборат буда, дорои 40 синфхона, хобгоҳ барои 300 нафар хонанда, ошхонаи замонавӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, кабинетҳои фаннӣ мебошад. Имсол дар ин ҷо 70 нафар хонандагон ба синфи 1-ум қабул шуданд. Дар он дар маҷмӯъ 600 хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 40 омӯзгори ботаҷриба сабақ медиҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Сентябрь 1, 2022 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад