ҲИФЗИ САРЗАМИН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ! ҲХДТ нақшаи чорабиниҳоро оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуд. Нақшаи мазкур бо фармоиши муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ аз 22 сентябри соли равон тасдиқ шуд, ки дастгоҳи КИМ ҲХД ва КИ ҲХДТ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо уҳдадор гардидаанд, ки бо мақсади амалӣ намудани он тадбирҳои муассир андешанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Тавре сардори маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён тазаккур дод, нақшаи чорабиниҳои муштарак аз 40 банд иборат буда, расонидани кӯмакҳои доимии иҷтимоӣ ба оилаҳои афсарону сарбозоне, ки барои муҳофизати Ватан ҳалок ва ё маъюб гардидаанд, боздиди волидайн аз қисмҳои низомӣ бо мақсади шиносоӣ бо шароити хизматчиён, мулоқотҳои судманд оид ба моҳияти хизмати ҳарбӣ ва ташкили барномаҳои фарҳангию варзишӣ аз авлавиятҳои нақшаи мазкур дониста мешаванд.
«Яке аз ҳадафҳои асосии нақшаи мазкур инчунин ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намудани ҷавононе, ки ба Ватан ва халқу миллат содиқона хизмат менамоянд. Нақша таъсиси гурӯҳҳои тарғиботиро бо мақсади расонидани муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба ҷомеа, ҳамзамон баргузор намудани аксияҳо ва мизҳои мудаввари ҷумҳуриявӣ бо иштироки ҷавонони синну соли даъватиро низ дар бар мегирад», — афзуд Илҳомҷон Ҳамидиён.
Сардори маркази матбуот ва таҳлили КИ ҲХДТ илова кард, ки дар асоси ин нақша ҳизбиёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати ташкил ва баргузор кардани суҳбату вохӯриҳо бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони баруманди кишвар барои ташаккули эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ва пешгирӣ намудани ҳамагуна омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни афсарон, сабозон ва ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
«Дар доираи нақшаи мазкур гузаронидани фестивалҳо, форумҳо, конференсияҳо, мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ, маҳфили шеъру суруд, озмунҳо, рӯзи дарҳои кушод бо ширкати хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён дар муассисаҳою қисмҳои ҳарбии кишвар, таҳия ва нашри китобу буклетҳои тарғиботӣ, ҷаласаҳои сайёр, инчунин дигар чорабиниҳои оммавӣ дар назар дошта мешавад»,- шарҳ дод ў.
Дар умум нақшаи зикршуда андешидани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ташаккули фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва густариши худшиносии миллии ҷавонон, фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар ҷалб кардани ҷавонон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифати байналмилалӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ-терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи муҳаддир, силоҳ, инчунин ба роҳ мондани шаклу усулҳои муосири муқовимат ба дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, инчунин андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмомӯзӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ ва бунёд кардани марказҳои инкишофи зеҳнии наврасону ҷавононро фаро мегирад.
ҲХДТ минбаъд низ нерӯи зеҳниву ташкилотчигии ҷавононро дар корҳои созандаи илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ сафарбар карда, ҷиҳати ба роҳ мондани таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа талош хоҳад варзид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






