КАНАЛИ МЕЛИОРАТИВИИ ИШКОШИМ. Он барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида мусоидат менамояд

Сентябрь 29, 2022 16:22

ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ободонию созандагӣ амалӣ гардида, дар деҳаи Даршайи Ҷамоати деҳоти Вахон канали мелиоративӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим.

Канали мелиоративӣ, ки  бо истифода аз қубурҳои обгузар дар масофаи 3,9 км бо арзиши 868,7 ҳазор сомонӣ бунёд гардид, бо иштироки Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода ва роҳбарияти Ташкилоти Агроаксияи Олмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Мақсади ба истифода додани ин иншооти ирригатсионӣ- дар вақтҳои наздик ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 40,0 га заминҳои бекорхобидаи мавзеи «Ҷарра» – и деҳаи Даршайи Ҷамоати деҳоти Вахон мебошад.

Тибқи маълумоти масъулин, дар ин мавзеъ аз майдони умумӣ (40 га) 1,0 га қитъаи замин ҳамчун фонди манзил, 15,0 га барои бунёд намудани боғҳои мевадиҳанда, 6,0 га барои ҷангалу буттазор ва 18,0 га барои кишти хӯроки чорво дар назар дошта шудааст.

Сабаби дар гузашта аз гардиши кишоварзӣ берун мондани ин қитъаи замин бо оби полезӣ таъмин набудани он буд. Хушбахтона, бо дастгирии шарикони рушд, бахусус Ташкилоти Агроаксияи Олмон ва маблағгузории Ҷумҳурии Федералии Олмон тавассути фонди PATRIP ва KfW лоиҳаи гузаронидани хати оби полезӣ ба деҳаи Даршай маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид» дар муҳлати муқаррарӣ амалӣ гардид.

Дар маросими ба истифодадиҳии иншоот муаррифиномаи лоиҳаи сохтмон аз ҷониби раиси Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид»  Рамазон Нурмамадов баррасӣ шуд. Мавсуф зикр кард, ки дарозии хати оби полезӣ зиёда аз 3,9 километро дар бар гирифта, сарбанди он 840 метр ва то нуқтаи охирини об баландии 800 метрро ташкил медиҳад.

Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода иброз дошт, ки чунин лоиҳаҳо дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари асосии он сиёсати «дарҳои боз» мебошад, амалӣ мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳояшон ба масоили таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида диққат дода, таваҷҷуҳи аҳолии кишварро пайваста ба ин масъалаҳои муҳим ҷалб менамоянд.

Раиси ноҳия дастур доданд, ки заминҳои обёришуда ҳарчӣ зудтар ба гардиши кишоварзӣ дароварда шаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Сентябрь 29, 2022 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад