КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак ташаббуси наҷиберо таҳти унвони «Мактаби ман» роҳандозӣ намуд

Сентябрь 28, 2022 14:34

ДУШАНБЕ, 28.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Норак бо ҷалби  хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №22 маҳаллаи Навде ташаббуси наҷиберо таҳти унвони  «Мактаби ман»  роҳандозӣ намуданд. Ҷавонони ватандўст дар гузаронидани 22 км хатти оби нўшокӣ, мумфаршсозии 3,5 км, сангфарш намудани 5 км, бетонпўш кардани 500 метр роҳҳои маҳаллӣ ва дар бунёди  3 истгоҳи замонавию як  бунгоҳи тиббӣ тавассути меҳнати ҷисмонӣ саҳми арзанда  гузоштанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак хабар медиҳад.

Раиси маҳаллаи Навдеи шаҳри Норак Садуллоев Ҳабибулло гуфт, ки «роҳандозӣ намудани ин ташаббус  аз чанд ҷиҳат фоидаовар аст.  Аввал ин ки барои дар рўҳияи ватандўстию меҳнатдўстӣ  тарбия намудани онҳо созгор аст. Дуюм  ба ин васила онҳо  ба қадри меҳнати дигарон  ва ободию зебогии сарзамин расиданро меомўзанд. Гузашта аз ин, аз саҳмгузориашон дар ободии маҳалли зисташон ифтихорманд мегарданд».

Бояд гуфт, ки хонандагони мактаби мазкур  ҳамчунин корҳои созандагиро бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ташкил намуда, дар сохтмони майдончаи варзишӣ, ҳавзчаи об барои оташхомўшкунӣ ва таъмири муассиса барои хониши солҳои 2022-2023,  анбор  барои захираи ангишту ҳезум дар фасли замистон саҳми арзанда гузоштанд.

  АКС: КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак

Сентябрь 28, 2022 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд