МАКТАБ МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ АСТ, НА ҶОЙИ ТИРУ ТУФАНГ! Муроҷиати омӯзгорони Чоркӯҳ ба низомиёни Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ман омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара Алияхон Довудова ҳастам. Дар ин курсиҳое, ки мебинед (ДАР АКС), хонандагони ман, фарзандони ман нишаста, илму дониш меомӯхтанд. Ҳар рӯз дар даст ҷузвдони пур аз китобу дафтар ба мактаб меомаданду баъд аз омӯзиш боз ба хонаҳояшон бармегаштанд. Аммо субҳи 17 сентябр ин макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад зимни ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон ба харобазор табдил дода шуд».
Мавсуф зикр дошт, ки «ба тамоми низомиёни қирғиз гуфтаниям, ки ин макон ҷойи тиру туфанг нест, ҷойи силоҳбадастон нест, дар ин макон наврасони бегуноҳ дар рӯҳияи дӯстӣ, озодандешӣ, ватандорӣ, вафодорӣ ва сулҳпарварӣ тарбия меёбанд. Мактабро сӯзонидан, хонандагонро мавриди тир қарор додан нишонаи қаҳрамонию далерӣ нест, балки ин даҳшат буда, аз нотавонию бемаърифатии шумо дарак медиҳад».
Ба гуфтаи ӯ, дар ин муассиса 183 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 17 омӯзгор таълим медод. Дар айни замон дар муассиса ба ғайр аз ошхона ва синфи компютерӣ дигар тамоми бино сӯхтаву валангор гардидааст.
Бояд гуфт, ки 16 сентябри соли 2022, баъди эълони оташбас мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати мазкур аз ҷониби низомиёни қирғиз мавриди мушак ва тирпаронӣ қарор гирифта, дар натиҷа пурра сӯхт.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 17 сентябр, тахминан соати 14:10, баъди эълони оташбас, низомиёни Қирғизистон бо истифода аз силоҳи гурӯҳӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини Лангар ва Сари Бозор ҳамла карданд. Илова бар ин, ҳангоми тирборон кардани бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и ҷамоати Чоркӯҳ хонандагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ҷароҳат бардоштанд.
Омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и ҷамоати Чоркӯҳ Ҳусейнхон Шарифзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд: «Зимни рух додани ин ҳодиса ман дар басти дуюм ба хонандагони синфи 7 «Б» аз фанни таърих дарс медодам, ки ногоҳ садои тир баланд гардид. Хонандагон аз ин садои гӯшхарош парешон гардиданд. Вақте аз дохили мактаб ҳамроҳи хонандагон ба берун мебаромадем, ногаҳон садои баланде ба гӯш расид, ки фикр кардем мактаб дар болоямон чаппа шуд. Хушбахтона, толеамон баландӣ карду симчӯби мактаб мушаки низомиёни қирғизро нагузошт ба мактаб расад. Аммо ҳангоми ба симчӯб бархӯрдани мушак пораҳои парешони он ба баъзе хонандагони мо осеби ҷисмонӣ расониданд, ки дар айни замон таҳти назорати табибон қарор доранд».
Ба гуфти ӯ, аз мушаки дигари низомиёни қирғиз болопӯши муассиса валангор гардида, қисми бештари он корношоям шуд.
Дар ин муассиса зиёда аз 600 хонанда таълим мегирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода кард.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад






