Намояндагони вилояти Хатлон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «Экспо-2023» иштирок мекунанд

Сентябрь 13, 2022 16:42

ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони вилояти Хатлон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «Экспо-2023», ки соли оянда дар шаҳри Қаҳрамонмараши Ҷумҳурии Туркия доир мегардад, иштирок мекунанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Имрӯз дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Раиси ноҳияи Оникишубат Ханефи Маҳчичек доир гардид.

Ханефи Маҳчичек роҳбарияти вилояти Хатлонро даъват кард, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «Экспо-2023», ки соли оянда дар шаҳри Қаҳрамонмараш баргузор мешавад, иштирок намоянд.

Дар мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Ашраф Гулов, раисони шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Балҷувон, инчунин масъулони раёсатҳои рушди иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Раиси ноҳияи Оникишубат иброз намуд, ки шарикии мутақобилан судманд ва фаъолияти муштараки Туркия ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳои мо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган рушд ёфта истодаанд.

Раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки вилояти Хатлон бо назардошти дастуру ҳидоят ва тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш дорад ҳамкории мутақобилан судмандро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ бо манотиқи Туркия таҳким бахшад.

Дар мулоқот ҷонибҳо иброз доштанд, ки то имрӯз бо сармоягузории муштарак ва ё танҳо сармояи туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 80 корхона дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти тайёр фаъолият мекунанд.

Бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду давлат имрӯз миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва ноҳияи Оникишубати Қаҳрамонмараш ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ҳамчунин дар доираи сафар имрӯз ҳайати вилояти Хатлон бо волии вилояти Газиантеп Давут Гюл мулоқот намуд.

Зимни мулоқот муштаракоти фарҳангию равобити дерини дӯстонаи Тоҷикистону Туркия таъкид шуда, зикр гардид, ки ин ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ сол аз сол вусъат меёбад.

Волии вилояти Газиантеп Давут Гюл ҳайати вилояти Хатлонро хайрамақдам гуфта, доир ба зарфияти ин минтақаи ҷанубии Туркия маълумот дод. Мавсуф иброз дошт, ки асоси иқтисодиёти Газиантепро истеҳсолоти саноатӣ ташкил медиҳад. Газиантеп бузургтарин истеҳсолкунандаи қолинҳои мошинсоз, писта, донаи наск, халтаҳои полипропиленӣ, орди гандум, макарон, масолеҳи бофандагӣ, матоъ, қаннодӣ, маводи гигиенӣ, чархҳои ресандагӣ мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия ба дарёфти ҳамкории судманд дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла растанипарварию чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, тақвияти ҳунармандӣ ва инчунин ба роҳ мондани алоқаи мустақим миёни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатии ба содиротнигаронидашуда, инчунин шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи корхонаҳои истеҳсолии Туркия равона шудааст.

Дар мулоқот зикр шуд, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Туркия 35,5 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра аз вилояти Хатлон ба минтақаҳои Туркия бо маблағи зиёда аз 32,1 миллион доллар маҳсулот содирот шуда, аз Ҷумҳурии Туркия ба маблағи 3,4 миллион доллар маҳсулот воридот шудааст.

Аз Ҷумҳурии Туркия асосан маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, техникаи маишӣ, либосворӣ, пойафзол ворид гардида, аз вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия асосан нахи пахта, ришта ва чарм содирот шудааст.

Дар мулоқот вобаста ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самти рушди саноат, кишоварзӣ, омодасозии мутахассисони касбӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 13, 2022 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст