«НОН БУВАД ЧУН ҶОНИ ОДАМ». Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо арзиши он якбора гарон шуд

Сентябрь 21, 2022 13:55

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нархи нон дар ИА то тирамоҳи соли равон  ин қадар гарон набуд, ҳоло ба ҳисоби миёна моҳи август арзиши он нисбат ба соли сипаригардида 18 фисад афзоиш ёфт ва бештар аз ҳама дар Маҷористон  (ҷамъ 60%) боло рафт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Агентии омори Аврупо Евростат иттилоъ додааст.

«Нон бувад чун ҷони одам, қуввату дармони одам»,- бисёриҳо дар  хотир доранд, ки дар замони шӯравӣ ин гуна шиору овезаҳо дар ошхонаҳо овехта шуда буданд. Он даъват менамуд, ки нони барзиёд нагиранд, то ин неъмати Замин исроф нашавад. Дар замони мо ин шиор барои Аврупо низ хеле муҳим гардид. Гуфта мешавад, ки афзоиши арзиши нон дар Иттиҳоди Аврупо сатҳи таваррумро, ки  моҳи август 10% боло рафт буд, боз баландтар намуд.

Камтар аз ҳама гароншавии нонро дар Фаронса эҳсос карданд- дар ин ҷо нархҳо ба ҳадди 10 фисад боло рафтанд, дар Булғористон он 13 фоизро ташкил дод.

Дар Евростат болоравии нархи нонро ба ҳодисаҳои Украина, буҳрони ғалладонагӣ дар ин кишвар, инчунин буҳрони энергетикӣ вобаста медонанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 21, 2022 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст