ОИЛАИ СОЛИМ-ҶОМЕАИ СОЛИМ. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Конференсияи илмӣ – назариявӣ доир намуд

Сентябрь 16, 2022 08:25

ДУШАНБЕ, 16.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, аз байн бурдани хурофотпарастию бегонапарастӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ,  барпо намудани оилаи солим ва нест кардани  хушунат дирӯз аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Оилаи солим-ҷомеаи солим» Конференсияи назариявӣ-амалӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар он масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муҳаққиқон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷавонони гуногункасб ширкат варзиданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иброз дошт, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

«Оила рукни муҳими пойдории ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки «оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад»,- гуфт мавсуф.

Зикр шуд, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқҳо ва кафолати баробарии воқеии мардону занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила дар мамлакат якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигарҳо қабул шудаанд.

Оила дар ҳифзи саломатӣ, тарбияи фарзандон, таъмини раванди рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва демографӣ дар ҷомеа нақши муҳим мебозад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам рушд мекунад. Барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, устувор гардонидани давлати мутараққӣ ва таъмини ташкили қонунии оила низоми босуботи он дар сатҳи талаботи замон, баланд бардоштани маданият ва масъулияти оиладорӣ, тарбияи насли солим ва арзандаи халқу Ватан муҳимтарин вазифаи инсонӣ, қарзи виҷдонӣ ва шарти имондории ҳар фарди бошууру ватанпарвари тоҷик ба шумор меравад.

Иштирокдорони Конференсияи назариявӣ-амалӣ инчунин доир ба  танзими муносибатҳои оиладорӣ ва пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуб, ки ба вайроншавии оилаҳо оварда мерасонанд, ҳарф заданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2022 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд