ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Ҳафт калиди тиллоии рамзии он ишора ба ҳафт шаҳри қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон аст

Сентябрь 27, 2022 11:17

ДУШАНБЕ, 27.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, ки дар ошёнаи дуюми он Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст. Осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва «Тахти тоҷикон» иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ин осорхона боздид намуд.

Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Ҳангоми даромад ба осорхона диққати бинандаро бештар тахти шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки дар як гӯшаи алоҳида ҷойгир аст, ҷалб менамояд. Тахти Исмоили Сомонӣ бо тамоми унсурҳои таърихӣ ва ороиши деворнигораҳои таърихӣ аз Афросиёб, Варахша, Панҷакенти Қадим ва Бунҷикат, ки ҳунармандони тоҷик онҳоро аз санг барқарор намудаанд, гузошта шудааст.


Дар атрофи он ҳафт калиди тиллоии рамзӣ аз ҳафт шаҳри қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ- Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Ҳулбук, инчунин нусхаи намунаҳои санъати волои Хазинаи Амударё, бозубанди тиллоӣ ва Аробачаи тиллоӣ гузошта шудаанд.


Тахти шоҳӣ бо тоҷи тиллоӣ рамзи давлатдорӣ буда, бо тилло ва сангҳои қиматбаҳо ороиш дода шудааст.


Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» бостоншинос, доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев иброз намуд, тахти рамзии шоҳ Исмоили Сомонӣ аз чӯб сохта шуда, қисмати болоии он тиллокорӣ шудааст. Тахт пурра бо усули миллӣ ороиш ёфта, кандакорӣ шудааст. Тахти рамзӣ амали кори рассом ва заргар Ҷамшед Расулов мебошад. Дар болои тахт тоҷи тиллоӣ ҷойгир аст, ки аз тиллои тозаи истеҳсоли кишвар сохта шудааст. Тоҷ бо сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла, алмосҳои диаметрашон 3 ва 2 мм, ёқути кабуди диаметраш 15 мм, тилло ва тиллои сафед, лаъли Бадахшон ба андозаи 22х15мм, ёқути диаметраш 5мм зиннат ёфтаанд.

«Дар рӯи тахт фарри шоҳии тиллоӣ гузошта шудааст. Фар, ки нишони давлатдорӣ ва тахту тоҷ аст, бо 68 адад шуои зардӯзӣ оро ёфта, бо тоҷи заррин пайваст шудааст ва ин ишора ба соҳибистиқлолӣ ва эҳёи нави Тоҷикистони мустақил аст. 68 адад будани шӯълаҳо ишора ба 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурист. «Диаметри давраи зардӯзишуда 300 мм аст ва ҳар як шуои зардӯзишуда бо риштаи филизии тиллоии маҳакаш (проба) 999 кашида шудааст, ки барои ин кор тақрибан 680 грамм тиллои холис сарф гардидааст», — иброз дошт доктори илмҳои таърих.

Аз ду тарафи тахт шери болдор бо нӯли уқоб- грифон ҷойгир аст, ки ба шакли бозубанд аз Хазинаи Амударё ёфт шудааст.


«Тасвири шери болдор ҳамчун нигоҳдорандаи тахт ва қудрат миёни мардуми Бохтари қадим хеле маъмул буд. Тахт дар байни чортоқ (чор сутун) ҷойгир шуда, атрофи онро сутунҳои чӯбии бо сангҳои қиматбаҳои маҳаллӣ ороёфта иҳота кардаанд. Паси тахт бо деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, Варахша ва Афросиёб бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо сохташуда ороиш дода шудаанд. Ин деворнигораҳо- маҳсули дасти ҳунармандони ҷумҳурӣ комилан баробар ба нусхаи асл аз санг эҳё гардида, ҳамчун намунаи ҳунари ниёгони тоҷикон аз шаҳрҳои қадимӣ бозёфт гардидаанд», -мегӯяд бостоншинос.

Ба зикри муаррих, равоқи тахт ба мисли тимпани (чӯбкории) Бунҷикат, ки дар он саҳнаҳои таърихӣ аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ кандакорӣ шудаанд, сохта шудааст.


Ин иншоот мувофиқ ба талаботи муосири осорхонашиносӣ ва ороиши замонавӣ бино ёфтааст. Нигораҳои осорхона ҳамарӯза доир ба таърихи қадимии Душанбе ва рушди шаҳр дар давраи навтарин ба тамошобинон маълумоти муфассал манзур менамоянд. Ҷобаҷогузории нигораҳо низ мувофиқ ба хронологияи таърихӣ амалӣ шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе

Сентябрь 27, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд