ПАХТА-2022. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1351 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ шудааст

Сентябрь 14, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 8028 гектар чигит кишт намуда, имрӯзҳо бо ҷалби ҳашарчиён ба чиниши ҳосил шурӯъ намудаанд. Ба ҳолати 13 сентябр дар ноҳия аз аввали мавсим 1351 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни ҷамъоварии пахта шинос гардид. Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия, ҳамарӯза беш аз 9000 нафар ба ҷамъоварии пахта машғул буда, то имрӯз 1351 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.

Раиси вилоят бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Т. Қӯшатов шинос шуда, дар маъракаи пахтачинӣ иштирок кард.

Иттилоъ дода шуд, ки заркорони ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 407 тонна ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Т. Қӯшатов 300 тонна пахта ба хирман супорида, тасмим гирифтаанд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид нақшаи пешбинишударо сари вақт иҷро намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулин ва ҳашарчиёну пахтакорон суҳбат намуда, барои иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта ва сари вақт пардохтани музди чинакчиён супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 14, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд