Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон доир мегарданд

Сентябрь 14, 2022 09:34

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин бора 13 сентябр зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов сухан гуфта шуд.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ва Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зулфия Давлатзода ва Валихан Туреханов дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин доир ба иштироки намояндагони Қазоқистон дар Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегарданд ва баргузории барномаи консертии ҳунармандони классики Қазоқистон дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Сентябрь 14, 2022 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст