САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА СОҲИБИХТИЁРИИ ТОҶИКИСТОН. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро номбар карданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон номиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар идома Сарвари давлат тазаккур доданд, ки омолу орзуи таърихии миллати тоҷик ва ҳадафу ормонҳои имрӯзу фардои он танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр амалӣ шуда метавонанд.
Бинобар ин, Президенти мамлакат бо ифтихор иброз доштанд, ки ҳифзи давлатдории миллӣ дастоварди бузургтарину муқаддастарин дар таърихи навини миллати тоҷик ва сулҳу оромӣ неъмати арзишмандтарин дар ҳаёти халқамон мебошад.
«Баъди барқарорсозии сулҳу субот мо тамоми кӯшиши худро ба ташкили сохтори мукаммали идоракунӣ, ҳукумати босалоҳият, парламенти касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ тибқи меъёрҳои муосир равона сохтем», — таъкид карданд Пешвои миллат.
Дар ин раванд бахтномаи миллат – Конститутсия ва рамзҳои давлати соҳибистиқлол – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ки мояи ифтихори мардуми тоҷик мебошанд, қабул карда шуданд.
Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломативу дӯстона дорад ва узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Нақши Тоҷикистон махсусан дар созмонҳои бонуфуз барои ҳалли масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти ҷаҳониву минтақавӣ, аз қабили таъмини амнияту субот ва беҳдошти экологиву иқлим муассир ва созанда арзёбӣ мегардад.
Аксари давлатҳо мавқеъ ва ташаббусҳои Тоҷикистонро дар масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун кишвари пешсаф эътироф намуда, дар ин масири созанда бо он ҳамкорӣ мекунанд.
Дастовардҳои зикршуда, бешубҳа, самараи истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар зарфи 31 сол буда, заминаи асосӣ барои тағйири симои давлат ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 9 сентябр дар саросари Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бо баргузории ҳамоишу барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






