Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе барои бунёдкориҳо дар пойтахт изҳори миннатдорӣ намуданд

Сентябрь 9, 2022 11:03

ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани майдони  «Истиқлол» ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба роҳбарияти шаҳри Душанбе барои бунёдкориҳо дар пойтахт изҳори миннатдорӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Вақтҳои охир бо ташаббус ва иқдомоти созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, заҳмати ватандӯстонаи мутахассисону соҳибкорони бонангу номуси кишвар ва сохтмончиёни тоҷик дар пойтахти мамлакат бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳои муосир, майдонҳои варзиш, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва марказҳои хизматрасонӣ вусъати бесобиқа гирифта истодааст.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, меъморону мутахассисон, сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки барои қомат афрохтани муҷассамаи пуршукӯҳи «Истиқлол» ва бунёди майдони зебои он саҳми ватандӯстона гузоштаанд, миннатдории самимии худро баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 8 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ майдони «Истиқлол» ва маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» ифтитоҳ карда шуданд.

Баландии маҷмааи «Истиқлол» 121 метр буда, қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва қисми болоии он 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолиятро ифода менамояд.

Масоҳати умумии маҷмааи рамзи «Истиқлол» 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.

Дар қисми болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи «Истиқлол» тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2022 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд