Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби муосири байналмилалӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби муосири байналмилалӣ»-ро ба истифода доданд.
Муассисаи муосири таълимӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми шахси саховатпешаи ватанӣ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ барои 640 нафар хонанда дар як баст бунёд ёфтааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисону муҳандисони дохилӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 250 нафар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуданд.
Масоҳати умумии замини “Мактаби муосири байналмилалӣ” 1,4 гектарро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 3462 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Таълимгоҳ аз 4 бинои чорошёна бо таҳхона иборат буда, дорои 52 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, астрономия, табиатшиносӣ, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнати писаронаю духтарона, синфхонаҳои компютерӣ, толори мусиқиву хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Омӯзгорону хонандагон барои кору таҳсил дар “Мактаби муосири байналмилалӣ” дар асоси озмун қабул мегарданд ва фаъолияти муассиса дар асоси барномаи таълимии “Кембриҷ” -и Британияи Кабир амалӣ карда мешавад.
Дар мактаб барои таълиму тарбияи наврасон шароити заруриву мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ фароҳам оварда шуда, омӯзиш дар он бо забонҳои англисӣ ва русӣ сурат мегирад.
Озмоишгоҳҳои фаннии мактаб бо асбобу аёнияти дарсӣ таъмин мебошанд ва хонандагон барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун аз онҳо босамар истифода мебаранд. Тамоми синфхонаҳои даргоҳи нави маърифат дорои тахтаҳои электронӣ мебошанд.
Бо ифтитоҳи мактаби нав дар шаҳри Душанбе 100 нафар, аз ҷумла 50 кас ба ҳайси омӯзгор бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардиданд. 20 фоизи хонандагону омӯзгорони онро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Ошхонаи мактаб бо 300 ҷойи нишаст дар ошёнаи якуми бинои таълимӣ қарор дошта, хонандагон ду вақт бо хӯроки гарм таъмин мегарданд. Тамоми биноҳои муассисаи муосири таълимӣ бо системаи гармидиҳӣ ва огоҳкунанда аз сӯхтор пайваст мебошанд.
Дар мактаб бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву оммавӣ маҷлисгоҳ бо 320 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст.
Ҳамчунин баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш толори барҳавою муосири варзишӣ бунёд ёфтааст.
Дар ҳудуди муассиса ҳамзамон ду майдонча барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол ташкил гардида, имкони ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар онҳо мавҷуд мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони саховатпешаи кишвар барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба омӯзгорону дигар масъулон ҷиҳати тарбияи дурусти хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншинсоӣ бо истифода аз шароиту имконоти муҳайёгардида дар мактаби муосири хусусии байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконоту шароити таълиму тарбияи хонандагон дар таълимгоҳи нав ба корҳои сохтмони хобгоҳи Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” оғоз бахшиданд.
Хобгоҳ барои беш аз 270 нафар хонандагону омӯзгорони муассисаи нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардида, он бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир бунёд хоҳад шуд.
Дар асоси лоиҳа иншоот аз 6 ошёна иборат буда, масоҳати он 0,28 гектарро ташкил медиҳад.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки бинои хобгоҳ давоми як соли оянда сохта мешавад ва хонандагону омӯзгорони ин даргоҳи нави маърифат бо ҷойи хоб ва истироҳату фароғат таъмин мегарданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ва суҳбат бо бинокорону масъулон барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва истифодаи масолеҳи аълосифати ватанӣ дар ҷараёни бунёди иншоот ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд






