Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мулоқот намуд

Сентябрь 24, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 23 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини тозатаъйини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) Ли Ҷунхуа мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UN DESA, аз ҷумла иқдомҳои муштарак дар самти пешбурди се рукни рушди устувор – иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об, эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо ва Конфронси дарпешбудаи Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ибрози андеша карданд.

«Масоили амнияти минтақавӣ, аз ҷумла зарурати расонидани кумакҳои башардӯстона ба ҳамсоякишвар — Афғонистон низ дар меҳвари муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт», — таъкид карданд дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 24, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд