Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, шахсиятҳо ва сиёсатмадорони маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатӣ
ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди соҳибистиқлолии кишвари мо ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин сиёсатмадорон ва ходимони маъруфи давлативу ҷамъиятӣ номаҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Дар паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои назарраси кишвари мо тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаҳои давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид гардидаанд. Инчунин нақши рӯзафзуни Тоҷикистон дар умури минтақавию байналмилалӣ ва таҳкими пайвастаи обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, қайд гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, муаллифони барқияҳои табрикотӣ таманниёти самимонаи худро ҷиҳати сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаи мардуми Тоҷикистон иброз дошта, ба Сарвари давлати мо некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиашон комёбиҳои беш аз пеш орзу намудаанд.
Табрикоти шодбоширо ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсиятҳои зерин ирсол намуданд:
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тсзинпин
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден
Императори Ҷопон Нарухито
Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британия Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган
Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму
Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд
Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл
Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер
Президенти Венгрия Каталин Новак
Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан
Подшоҳи Испания Филиппи VI
Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Дуда
Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла
Подшоҳи Шветсия Карли XVI Густав
Президенти Конфедератсияи Швейтсария Игнассио Кассис
Президенти Ҷумҳурии Португалия Марсело Ребело де Соуза
Подшоҳи Баҳрайн Ҳамад бин Исо Оли Халифа
Генерал-губернатори Иттифоқи Австралия Дэвид Харли
Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ранил Викремесингхе
Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Теббун
Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима Якоб
Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос
Раиси корҳои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея Ким Чен Ин
Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас
Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо
Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз номи Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои Вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Шоҳзода Карим Оғохони IV ва Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман ворид гардиданд.
Воридшавии паёмҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






