«ҶУҒРОФИЁИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ «ШОҲНОМА»». Дар Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 11-12 октябр дар мавзӯи «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи мазкур.
Ҳадафи конференсия- баррасии ҳамаҷонибаи ҷуғрофиё, заминаҳои таърихӣ-тамаддунӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии таълифи «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, нақши он дар эҳёи ҳувияти миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мебошад.
Дар конфронс мавзӯъҳои зерин: «Шоҳнома»- муҳимтарин санади ҳувиятии тоҷикон ва форсизабонон; масъалаҳои пажӯҳиши ҷуғрофиёи «Шоҳнома»; фарҳанги ҷуғрофиёи «Шоҳнома»; ҷуғрофиёи таърихии «Шоҳнома»; нақши «Шоҳнома» дар ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ-форсӣ; Тоҷикистон дар ҷуғрофиёи «Шоҳнома»; пойдории ҷойномҳои «Шоҳнома» дар афкори иҷтимоӣ; вожаҳои этникӣ дар «Шоҳнома»; ҷойгоҳи хирад ва огоҳӣ дар «Шоҳнома»; ҷойгоҳи адлу дод дар қаламрави «Шоҳнома»; Хуросон ва Мовароуннаҳр дар ҷуғрофиёи «Шоҳнома» мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Иштироки олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар ин конфронс дар назар дошта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






