Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Федератсия Маликшо Неъматзода дар Конфронси минтақавии иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ, ки 6-7 октябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён мегирад, иштирок дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ФИКМТ.
Конфронси минтақавӣ таҳти васояти Ташкилоти байналминалии меҳнат баргузор гардида, дар он Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдова, Муғулистон ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок доранд.
Директори бахши кор бо федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат Мария Ҳелена Андре ба кори конфронс оғоз бахшид.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар конфронс сухан гуфта, ба ҳозирин оид ба мавзӯъҳои баррасишаванда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зимни кори конфронс мулоқоти кории дуҷониба бо Директори бахши ҳамкорӣ бо иттифоқҳои касабаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат Мария Ҳелена Андре доир шуд, ки дар ҷараёни он ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва бахшҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳамкории кунунии дуҷонибаро муфид арзёбӣ карда, барои дар оянда рушд додани он омодагии ҳамаҷонибаашонро иброз доштанд.
Акс: ФИКМТ








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






