Ҷаласаи панҷуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд

Октябрь 21, 2022 11:45

ДУШАНБЕ, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 20 октябр дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ҷаласаи панҷуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Корея Юн Сонг Док баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд.

Ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, муовини Вазири молия Сарвар Қурбониён, муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода, сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифӣ, инчунин баъзе соҳибкорони ватанӣ шомил буданд.

Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Кореяи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар ҷаласа ба ҷониби Кореяи Ҷанубӣ барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, шомил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ дар панҷ соли оянда ва таъсиси намояндагии доимии KOICA дар Тоҷикистон минатдорӣ баён гардида, дархост карда шуд, ки дар вазъи мураккаби глобалии иқтисодию молиявии имрӯза маблағгузориҳои лоиҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври назаррас зиёд карда, барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, ба монанди саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тағйирёбии иқлим, сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода намудани мутахассисони кишвар дар донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ мусоидат намоянд.

Илова бар ин аз ҷониби Кореяи Ҷанубӣ дархост гардид, ки бо назардошти имконияти васеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ашёи хоми фаровон, қувваи кории рақобатпазир ва «энергияи сабз»-и арзон барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли мошинҳо ва таҷҳизоти электрикӣ, батареяҳо, маҳсулоти фармасевтӣ, коркарди нахи пахта ва пӯсту пашм, маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла моҳипарварӣ мусоидат намоянд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки миёни мақомоти дахлдори кишварҳо 4 созишномаи дуҷонибаро ба имзо расонида, гардиши савдои дуҷониба ва сармоягузориҳоро ба таври назаррас афзоиш диҳанд.

Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ва ширкати инноватсионии «НеоЕнБиз» – и Кореяи Ҷанубӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти моҳипарварии ҳушманд ба имзо расонида шуд.

Дар охири ҷаласа тарафҳо барои боз ҳам бештар густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ омодагии худро баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Октябрь 21, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд