АМИТ «Ховар» барои инъикоси фаъолонаи ҷараёни баргузории Бозиҳои Делфӣ бо «Сипоснома» сарфароз гардид

Октябрь 22, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои инъикоси фаъолонаи ҷараёни баргузории Бозиҳои 16-уми байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, ки бори аввал дар Тоҷикистон доир шуд, бо «Сипоснома» — и директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин имрӯз масъулине, ки дар баргузории Бозиҳои 16-уми байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ саҳми арзанда гузоштанд, бо «Сипоснома»-ҳо қадрдонӣ шуданд.

Муовини аввали Вазири фарҳанги мамлакат Обид Назариён зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории Бозиҳои Делфӣ- ин дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

Ташкил ва гузаронидани Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нозирони Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Дар сабқат тақрибан 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ иштирок намуда, ба ҳайати ҳакамон зиёда аз 30 нафар рассомон, профессорон ва докторҳои санъатшиносии ИДМ шомил буданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст